Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари Шӯрои миллии гузор эълон кард, ки режими 42-солаи Муаммар Қаззофӣ дигар ба поён омад.

Мустафо Абдулҷалил, раҳбари Шӯрои миллии гузор – ниҳоди олии чирикиҳои Либия- дар пайи зери назорати чирикиҳо омадани бахши аъзами пойтахт – Троблус эълон кард, ки режими 42-солаи Муаммар
Дабири
кулли СММ:
Ман аз нерӯҳои сарҳанг Қаззофӣ даъват мекунам, то хушунатҳоро билофосила поён дода, роҳро барои гузариши нарм боз кунанд...

Қаззофӣ дигар ба поён омад.

Раҳбарони ҷаҳон низ акнун рӯи Либияи баъди Қаззофӣ фикр мекунанд, ҳарчанд дар куҷо будани худи ӯ то ҳол номаълум боқӣ мемонад. Вазорати дифоъи Амрико аммо бар ин бовар аст, ки Қаззофии 69-сола аз Либия берун нарафтааст.

Даргириҳои пароканда бо нерӯҳои Қаззофӣ дар Троблус ҳанӯз идома дорад, вале чирикиҳо дар бораи ба даст овардани 95 дарсади пойтахт сӯҳбат мекунанд ва алакай ба таҷлили пирӯзӣ бар режими Қаззофӣ шурӯъ кардаанд.

Мустафо Абдулҷалил
Мустафо Абдулҷалил аз чирикиҳо даъват кард, то бо касби назорат бар Троблус аз худ ҳадди аксари хештандорӣ ва интизомро нишон диҳанд. Ӯ гуфт, чирикиҳо бояд бидонанд, ки марҳалаи баъдӣ марҳалаи осон, ё ба таъбири ӯ, “дар бистари садбарг” нахоҳад буд: "Ман аз тамоми мардуми Либия даъват мекунам, то нафси худро нигоҳ дошта, ҳаёту молу мулки дигаронро ҳимоят кунанд ва даст ба муҷозоти худсаронаи хориҷ аз ҳадди қонун назананд."

Ба дунболи ба Троблус даст ёфтани чирикиҳо раҳбарони ҷаҳон бори дигар аз Муаммар Қаззофӣ даъват карданд, то қудратро довталабона канор гузорад. Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама аз ҷумла гуфт: "Ҳарчанд суқути давлати Қаззофӣ яқин шудааст, ӯ ҳанӯз имконе дорад, ки бо таслими бечунучарои қудрат ба мардуми Либия ва бо даъвати нерӯҳояш ба халъи силоҳ ба хотири Либия пеши роҳи хунрезиҳои бештарро бигирад."

Барак Обама
Обама гуфт, Вошингтон бо чирикиҳо дар роҳи эъмори Либияи демократӣ “ҳамкории зич” дорад ва аз ҷумла ба нишони ҳимоят 37 миллиард доллар маблағҳои дар авоили соли ҷорӣ дар Амрико мунҷамидшудаи режими Қаззофиро ба Шӯрои миллии гузор хоҳад дод.

Дирӯз ҳамин тавр, сарвазири Бритониё Девид Камерон истеъфои Қаззофиро тақозо кард ва вазири хориҷаи Итолиё Франко Фраттинӣ гуфт, ӯ бояд худро ба додгоҳи байналмилалии Ҳейг бисупорад. Лаҳистон – раиси давраии ИА - аз хатми ҳукумати Қаззофӣ истиқбол кард ва Миср – ҳамсояи шарқии Либия – Шӯрои гузори чирикиҳоро ба расмият шинохт.

Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун низ хостори гузариши муназзам дар Либия шуд ва ҷиҳати ҳимоят аз ин раванд ваъда супурд. Ӯ гуфт, дар ҳамин ҳафта бо созмонҳои бузурге, чун Лигаи давлатҳои арабӣ, Иттиҳоди кишварҳои Африқо ва ИА, мавзӯъи Либияро дар миён
Бан Кӣ Мун

хоҳад гузошт: “Ман аз нерӯҳои сарҳанг Қаззофӣ даъват мекунам, то хушунатҳоро билофосила поён дода, роҳро барои гузариши нарм боз кунанд.”

НАТО, ки бо ҳамлаҳои ҳавоӣ аз пешрафти чирикиҳо ҳимоят мекард, гуфтааст, тайи 2 рӯзи охир дар давру бари Троблус дастикам 40 ҳадафро аз байн бурдааст, ки собиқа надорад. Чирикиҳо мегӯянд, дирӯз қароргоҳи телевизиони Либияро низ тасарруф карданд ва дар пай, пахши барномаҳои “Ал-Ҷамоҳирия” қатъ шуд.

Онҳо қаблан аз боздошти 3 писари Қаззофӣ –Сайфулислом, Саъд ва Муҳаммад низ хабар доданд, вале хабаргузориҳои ғарбӣ мегӯянд, Сайфулислом, яке аз писарони ҳокими Либия Муаммар Қаззофӣ на дар асорати чирикиҳо, балки дар озодӣ ва дар Троблус буда, шаби душанбе ба меҳмонсарое, ки хабарнигорони хориҷӣ ба сар мебаранд, зоҳир шудааст.

Ӯ гуфтааст, падараш низ дар амн қарор дорад ва Троблус ба чирикиҳо таслим нашудааст. Додгоҳи Ҳейг, ки Сайфулисломро бо иттиҳоми ҷиноёти ҷанг таъқиб мекунад, низ дар пайи чирикиҳо боздошти ӯро таъйид карда буд.



Аммо бархилофи хабарҳои паҳншуда Сайфулислом, писари Муаммар Қаззофӣ, ки гуфта мешуд, асир афтодааст, субҳи 23-юми август дар баробари тарафдоронаш дар Троблус зоҳир шуд ва овозаҳои асораташро рад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG