Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Шӯрои СММ ба қатъи хушунатҳо дар Сурия


Навӣ Пиллай
Навӣ Пиллай
Шӯрои ҳуқуқи башари СММ аз режими Сурия даъват кард, то саркӯбии ваҳшиёнаи эътирозҳои зиддидавлатиро бас кунад. Раҳбари Шӯро Навӣ Пилай дар ифтитоҳи иҷлоси изтирории ин ниҳод гуфт, аз оғози эътирозҳои Сурия дар миёнаи март ҳудуди 2200 нафар кушта шудаанд. Ин иҷлос бо дархости 24 кишвар, аз ҷумла Урдуну Кувайт ва Қатару Саудия, даъват шуда, бояд то рӯзи панҷшанбе тарҳи қатъномаеро баррасӣ кунад, ки пешнависаш ба қатъи билофосилаи “тамоми аъмоли хушунатомез” дар Сурия даъват мекунад. Ин иҷлос ба дунболи вориди Сурия шудани як ҳайъати башарии СММ аст. Аммо мақомоти Сурия дар пайи бурузи эътирозҳо ба ҳайъати СММ амр кардаанд, ки аз шаҳри Ҳумс берун шавад.
XS
SM
MD
LG