Пайвандҳои дастрасӣ

Чирикиҳои Либия мегӯянд, бахши аъзами Троблусро ба даст овардаанд, вале муқовиматҳое дар пойтахт ҳанӯз идома дорад. Субҳи сешанбе аз давру бари қароргоҳи Муаммар Қаззофӣ садои таркишу оташи силоҳҳои сақил ба гӯш мерасид, вале макони худи ӯ норӯшан боқӣ мемонад. Телевизиони Ал-Арабия аз қавли чирикиҳо гуфт, ки НАТО қароргоҳи Қаззофӣ дар маҳаллаи Бобулазизияи Троблусро бомббор мекунад. Мақомоти низомии Амрико мегӯянд, нирӯҳои Қаззофӣ боз як мушаки навъи “Скуд” шиллик кардаанд, вале рӯшан нест, ки он дар куҷо пойин шудааст.
Дирӯз раисиҷумҳури Амрико Барак Обама пуштибонии Вошингтон аз мардуми Либияро изҳор дошт. Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун аз нирӯҳои Қаззофӣ хост ҷангро бас ва роҳро барои гузариши нарм боз кунанд.
XS
SM
MD
LG