Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон имсол марзҳояшро намебандад


Мақомоти Узбакистон имсол дар рӯзҳои таҷлил аз солгарди 20-уми истиқлоли он кишвар дар роҳи убуру мурури мардум дар марз бо Тоҷикистон маҳдудияте ҷорӣ нахоҳанд кард. Дар сафорати Узбакистон дар Душанбе ба “Азия Плюс” гуфтаанд, ки гузаргоҳҳои марзӣ ба таври маъмулӣ кор мекунанд, вале ба иллати бехабарии мардум аз адами чунин маҳдудият дар убуру мурури марз шумори хоҳишмандони раводиди сафар ба Узбакистон дар ин шабурӯз хеле коҳиш ёфтааст. Узбакистон дар солҳои гузашта дар арафаи Рӯзи истиқлолияташ, ки 1 сентябр таҷлил мешавад, дар роҳи сафари атбоъи Тоҷикистон маҳдудиятҳо ҷорӣ мекард.
XS
SM
MD
LG