Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Усмонов мегӯяд, дар боздошт шиканҷааш додаанд


Урунбой Усмонов
Урунбой Усмонов
Хабарнигори ББС дар вилояти Суғд Урунбой Усмонов дар мурофиаи парвандааш бори аввал эътироф кард, ки алайҳи ӯ дар боздошт аз шиканҷа кор бурдаанд. Усмонов ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ мавзӯъи шиканҷаро доман задан намехост, вале дар посух ба суоли вакили мудофеъ мулзам буд ҳақиқатро бигӯяд. Урунбой Усмонов аз 13 июн тайи як моҳ бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо ҳизби манъшудаи Таҳрир дар боздошт қарор дошт ва танҳо дар пайи мавҷи даъватҳои байналмилалӣ ба раҳоии хабарнигор шартан озод шуд. Феълан муҳокимаи парвандаи ӯ дар додгоҳи шаҳри Хуҷанд идома дорад.
XS
SM
MD
LG