Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти гумонбари чоруми қатли сайёҳи қазоқ


Иссиқкӯл

Иссиқкӯл

Пулиси вилояти Иссиқкӯл дар шимоли Қирғизистон дар ҷараёни таҳқиқи парвандаи рабудан ва латукӯб кардани як сайёҳи қазоқ гумонбари чорумро боздошт кардааст. Намояндаи пулис Тилек Қизаев ба Радиои Озодӣ гуфт, ин гумонбар бар иловаи 3 муттаҳами аввал рӯзи ҷумъаи гузашта дастгир шуд. Онҳо ба қасди ғорат ва қасди куштор айбдор мешаванд. Эрлан Балмахаев, сайёҳи 32-сола аз Қазоқистонро рӯзи 7 август аз осоишгоҳе дар канори кӯли Иссиқкӯл рабуда, сахт латукӯб карданд. Ӯ як ҳафта дар ҳоли мадҳушӣ қарор дошт ва рӯзи 14 август дар як бемористони Бишкек даргузашт. Мақомот мегӯянд, ин нахустин мавриди куштори сайёҳ дар Қирғизистон аст, вале танҳо дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ дар ин кишвар 129 мавриди ҳамла ба хориҷиҳо сабт шудааст.
XS
SM
MD
LG