Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамла ба мошини вазири маорифи Хайбар-Пахтунхва


Акси Сардор Бобак аз бойгонӣ

Акси Сардор Бобак аз бойгонӣ

Вазири маорифи вилояти Хайбар-Пахтунхваи Покистон бар асари як шабехун захмӣ шудааст. Пулис мегӯяд, мошини Сардор Ҳусайн Бобак шаби якшанбе дар роҳ аз ноҳияи Бунар ба Пешовар дар минтақаи Савобӣ ҳадафи ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифт. Бар асари ба ҷарӣ сарозер шудани мошин дасти рости Бобак шикастааст. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамлагарон дар манзили вайронае, ки дар гузашта ба як ҷангӣ тааллуқ дошта, аз сӯи артиш тахриб шуд, камин гирифта буданд.
Таъқиби омилони ин шабехун идома доштааст.
XS
SM
MD
LG