Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯришиёни Либия телевизионро гирифтанд


Телевизиони давлатии Либия аз контроли режими Муаммар Қаззофӣ хориҷ шудааст. Шӯришиёни ин кишвар, ки барои сарнагунии режим мубориза мекунанд, мегӯянд, ки ҳоло телевизион дар Троблус ба контроли онҳо даромадааст. Ҳоло бештари қисматҳои ин шаҳр дар дасти шӯришиён аст. Бо вуҷуди ин мухолифон мегӯянд, ки то ҳол дастаҳои пайрави Қаззофӣ дар шаҳр боқӣ мондаанд ва онҳо мухолифат нишон медиҳанд. Мусо Иброҳим-сухангӯи режими Қаззофӣ мегӯяд, ки дар шаҳр 65 ҳазор нафар нируҳои Қаззофӣ боқӣ мондаанд ва онҳо барои ҳимояти Қаззофӣ муборизаро идома медиҳанд. Қаззофӣ аз ҷонибдорони қабила дархост кард, ки ба мубориза бипайванданд ва пешравии мухолифонро боздоранд.
XS
SM
MD
LG