Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шаби 22 ба 23-юми августи соли гузашта 25 маҳбус аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ дар маркази Душанбе фирор карданд.

Ҳамакнун аз 25 маҳбуси фирорӣ 1 нафар дар озодӣ боқӣ монда, 8 тани онҳо кушта, 16 нафари дигар боздошт ва бархеи онҳо дубора ба зиндон маҳкум шудаанд.

Ин воқеа, ки дар матбуот бештар ба унвони "фирори аср" ёд мешавад, ҳанӯз аз хотираи мардум зудуда нашудааст.

Фирори 25 маҳбус аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ дар маркази шаҳри Душанбе Хайриддин Абдураҳимов, раҳбари пешини ин кумитаро аз вазифааш барканор ва ба ҷои ӯ Саймӯъмин Ятимовро ҷойгузин кард.

Мақомоти додгоҳӣ Сайдулло Бердиев, муовини собиқи боздоштгоҳ ва посбон Сӯҳроб Акбаровро барои хунукназарӣ дар иҷрои вазифа ба мӯҳлати ҳаштуним сол аз озодӣ маҳрум карданд. Ҳамчунин як посбони дигари боздоштгоҳ Саидалӣ Саидов ба ду соли зиндон маҳкум шуд.

НОМГӮЙИ ФИРОРИЁН

Охирин фирорӣ

Аъзамшо Зиёев
Зиёев Аъзамшо Аҳтамович, санаи таваллудаш 04 декабри соли 1969, зодаи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон. Мақомот ӯро ягона фирорие унвон мекунанд, ки ҷон ба саломат бурдааст. Аъзам Зиёев аз наздикони раиси пешини Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон, генерали собиқ Мирзо Зиёев мебошад, ки пас аз куштори мармузи Мирзо Зиёев дар тобистони соли 2009 ҳамроҳ бо чандин нафар аз пайвандони Мирзо Зиёев дар Тавилдара боздошт ва зиндонӣ шуданд.

Кушташудагон

Кокулов Фахриддин Сайфиддинович, таърихи таваллудаш 10 марти соли 1980, зодаи шахри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон пас аз фирор дар кӯҳистони шарқи кишвар ба гурӯҳи Мулло Абдулло пайваст ва рӯзи 18-уми апрели соли 2011 дар амалиёти нерӯҳои давлат зидди Мулло Абдулло дар моҳи апрели соли равон кушта шуд.

Иброҳимов Ҷумъа Абдусаломович, санаи таваллуд 2 марти соли 1960, зодаи ноҳияи Тоҷикобод. Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, Ҷумъа Иброҳимов ва як ҳамроҳи ӯ, ки узви Ҳаракати исломии Узбакистон будааст, аз тарафи нерӯҳои полис дар минтақаи Рашт кушта шуданд. Шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон шоми 14-уми майи соли ҷорӣ дар ин бора хабар дод ва навори видеои кушта шудани Ҷумъа Иброҳимов ва ҳамроҳи ӯро намоиш дод.

Бозоралӣ валади Эгамбердӣ
Шаҳрванди 41-солаи Афғонистон, Бозоралӣ валади Эгамбердӣ, 5-уми октябри соли 2010 дар ноҳияи Тавилдара кушта шуд. Аз ӯ як мусалсали "Калашников" ва як туфангча мусодира гардид.

Сулаймонов Гусейн Шарипович, таърихи таваллудаш 5 октябри соли 1985, шаҳрванди Федератсияи Русия, рӯзи 28-уми сентябри соли 2010 дар ноҳияи Файзобод кушта шуд.

Азизов Раҳмиддин Саъдуллоевич, санаи таваллудаш 24 апрели соли 1972, зодаи ноҳияи Панҷ, рӯзи 26-уми сентябри соли 2010 дар даргирие дар наздикии деҳаи Чанорҳои ноҳияи Файзобод кушта шуд.

Ҳасанов Баҳриддин Қаюмович, таърихи таваллудаш 15-уми июли соли 1968, зодаи ноҳияи Тавилдара, 25-уми июли соли 2011 дар деҳаи Чилдараи ноҳияи Тавилдара кушта шуд.

Худоёров Мазҳариддин Насриддинович, санаи таваллудаш 1985, зодаи деҳаи Мулло Темури ноҳияи Тоҷикобод, рӯзи 20-уми июни соли 2011 ҳангоми муқовимат ба нерӯҳои интизомӣ дар дараи Гургонии ҷамоати деҳоти Ясмани ноҳияи Рашт кушта шудааст.

Боздоштшудагон

Абиев Низомӣ
Абиев Низомӣ Русланович, санаи таваллуд 18 августи соли 1986, зодаи ноҳияи Табасарински Доғистони Русия. Ҷабраилов Казбек Ҷабраилович, санаи таваллуд 30 марти соли 1986, зодаи Доғистони Русия. Рӯзи сешанбеи 12-уми июл Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки 6-уми июли соли равон дар мавзеи Сугараки ноҳияи Ҷиргатоли ҳаммарз бо Қирғизистон маҳбуси фирорӣ Ҷабраилов Казбек ба ҳабс гирифта шуд. Ниҳодҳои интизомӣ аз Ҷабраилов силоҳу муҳимот мусодира кардаанд. Вазорат ҳамчунин иттилоъ дод, ки 12-уми июл дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои интизомии Қирғизистон маҳбуси дигари фирорӣ Низомӣ Абиев дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон дастгир шудааст.

Шаҳрвандони Русия -- Аҳмадов Магомед Магомедрасулович, соли таваллудаш 15 октябри соли 1979, зодаи шаҳри Буйнакски Доғистон ва Алиев Алӣ Магомедович, соли таваллудаш 5 сентябри соли 1983, ҳарду боздошт ва дубора муҳокима шуданд. Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи майи соли равон ҳардуро барои 30 сол аз озодӣ маҳрум кард. Аҳмадов рӯзи 10-уми сентябри соли 2010 дар наздикии Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе боздошт шуд.

Холматов Фурқат Тулаганович, таърихи таваллудаш 11 ноябри соли 1975, зодаи шаҳри Чирчиқи вилояти Тошканди Узбекистон, рӯзи 20-уми июни соли 2011 дар дараи Гургонӣ, ҷамоати деҳоти Ясмани ноҳияи Рашт дастгир шуд.

Орифҷонов Баҳром Обидҷонович, санаи таваллудаш 2 октябри соли 1981, зодаи шаҳри Исфара, Азизов Ҳикматулло Файзуллоевич, соли таваллудаш 8 июни соли 1975, зодаи ноҳияи Панҷ. Ҳарду рӯзи 19-уми декабри соли 2010 дар Тахори Афғонистон боздошт ва 27-уми декабр ба Душанбе истирдод шуданд.

Шаҳрвандони Афғонистон -- Маҳмадамир валади Қурбоналӣ, Муҳаммадвалӣ валади Тозагул, Муҳаммадзокир валади Муҳаммадҳалим дар вилояти Тахори Афғонистон боздошт шуданд. Мақомоти кишвари ҳамсоя аз истирдоди онҳо худдорӣ кард.

Иброҳим Насриддинов
Насриддинов Иброҳим Раҷабович, санаи таваллуд 1974, зодаи ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон. Рӯзи 2-юми сентябри соли 2010 дар маҳаллаи Чуқайшаи ноҳияи Ваҳдат боздошт шуд.

Азизов Зайдулло Саъдуллоевич, санаи таваллудаш 16 январи 1977, зодаи ноҳияи Дарвози ВМКБ, рӯзи 10-уми сентябри соли 2010 ҳамроҳи Аҳмадови доғистонӣ дар наздикии Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе боздошт шуд.

Зиёев Ҷонибек Абдусамадович, таърихи таваллудаш 8 феврали соли 1979, сокини ноҳияи Панҷ, рӯзи 25-уми июли соли 2011 дар деҳаи Чилдараи ноҳияи Тавилдара боздошт шуд.

Хӯҷаев Саидисмон Абдураҳмонович, соли таваллудаш 23 феврали соли 1978, зодаи ноҳияи Панҷ, рӯзи 12-уми сентябри соли 2010 дар ноҳияи Ҷомии вилояти Хатлон боздошт шуд.

Мирзоев Абдурасул Раҳмонович, соли таваллудаш 1 апрели соли 1958, зодаи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон. Ба таърихи 6уми сентябри соли 2010 дар ҳудуди ноҳияи Файзобод боздошт, дигарбора муҳокима ва маҳкум шуд.

Наимов Толибшо Аламович, соли таваллудаш 14 октябри соли 1977, зодаи ноҳияи Тавилдара, ба таърихи 12-уми сентябри соли 2010 дар ноҳияи Ҷомии вилояти Хатлон боздошт шуд

Сарнавишти норӯшан

Юлдошев Ҳамидулло Абдуғаффорович, санаи таваллудаш 22 апрели соли 1983, зодаи Узбакистон, зинда ё мурда будани ӯ дақиқан маълум нест. Бар пояи маълумоти расмӣ, аз баёноти боздоштшудагон маълум шудааст, ки ӯ дар амалиёти водии Рашт ба қатл расида, ҷасадаш ба рӯдхона афтодааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG