Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико аз равандҳои демократии Муғулистон ҳимоят кард


Ҷо Байден ва Сухбатор Батболд
Ҷо Байден ва Сухбатор Батболд
Имрӯз Ҷо Байден-муовини раиси ҷумҳури Амрико аз Муғулистон барои “гузори муҳим ба демократия” ситоиш кард. Ин кор баъд аз даҳҳо сол дар зери нуфузи Шӯравии собиқ қарор доштани Муғулистон сурат мегирад. Байден дар як боздиди мухтасар аз ин кишвар имрӯз гуфт, ки Амрико ҳамчунон ба тааҳҳудоти худ дар мавриди кӯмак ба Муғулистон барои идомаи раванди демократия вафодор боқӣ мемонад. Сухбатор Батболд-нахуствазири Муғулистон дар посух ба суханони Байден чунин гуфт:

"Мо сипосгузорем, ки муовини раиси ҷумҳур Байден идомаи ҳимояти Амрикоро аз ислоҳоти демократӣ ва барои таҳкими иқтисоди бозаргонӣ таъйид кард.”

Раванди демократӣ дар Муғулистон дар авоили солҳои 1990 оғоз шуд. Муғулистон дорои захоири зиёди маъодан аст ва барои рушди бахши энержӣ ба сармоягузории хориҷӣ ниёз дорад. Байден баъд аз Чин аз Муғулистон боздид кард.
XS
SM
MD
LG