Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шимоли Тоҷикистон ба фурӯшандагони ороишоти тиллоӣ ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифтааст. Дар ин бора дафтари матбуотии вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ба хабаргузории REGNUM гузориш додааст. Ин ҳамла 21 август анҷом гирифтааст. Бино ба хабари ин манбаъ, ба автомашинаи як сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов ду марди мусаллаҳ дар либоси низомӣ ҳамла бурдаанд. Ба гуфтаи ҷабрдида, онҳо ба арзиши 100 000 доллар дорои вайро ғасб кардаанд ва аз маҳали ҳодиса ғайб задаанд. Вазорати корҳои дохила мегӯяд, ҷустуҷӯи ҷинояткорон идома дорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG