Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарони ҷаҳон истеъфои Қаззофиро мехоҳанд


Муаммар Қаззофӣ
Муаммар Қаззофӣ
Раҳбарони ҷаҳон аз Муаммар Қаззофӣ-раҳбари Либия даъват карданд, ки аз қудрат канор равад. Шӯришиён ба муборизаи худ барои хотима додан ба ҳукумати вай бештари қисматҳои шаҳри Троблусро ба контроли худ даровардаанд. Имрӯз Девид Камерон-нахуствазири Британия гуфт, режими Қаззофӣ дар ҳоли аз ҳам пошидан аст ва вай аз раҳбари Либия хост, ки бидуни шарту шароит ба даргириҳо хотима диҳад. НАТО низ имрӯз хостори интиқоли сулҳомези қудрат дар Либия шуд. Маҳалли буду боши Қаззофӣ то ҳол маълум нест. Даргириҳо дар шаҳри Троблус дар атрофи қасри Қаззофӣ идома дорад. Камерон гуфт, сарнавишти ояндаи Қаззофӣ дар дасти раҳҳбарияти нави Либия хоҳад буд:

“Ман мехоҳам, ки Қаззофӣ ба сазои аъмолаш бирасад. Вай бар зидди мардуми худаш ба ҷиноятҳои мудҳиш даст зад. Вале Либия кишвари мустақил аст ва ба раҳбарони нави Либия вобаста аст, ки сарнавишти Қаззофӣ чӣ хоҳад шуд”.

Додгоҳи байналмиллалии ҷурму ҷиноёт гуфт, ки мехоҳад писари Қаззофӣ Сайф-ул-Исломро интиқол диҳад. Вай ҳоло боздошт шудааст ва бо падараш барои судури ҷиноёт бар зидди башарият муттаҳам дониста мешаванд.
XS
SM
MD
LG