Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон сентрифугҳоро ба бункери Қум интиқол медиҳад


Фаридун Аббосӣ
Фаридун Аббосӣ
Фаридун Аббосӣ-раиси Созмони энержии ҳастаии Эрон гуфт, кишвараш ба интиқоии таҷҳизоти ғанисозии сӯхти ҳастаӣ аз шаҳри Натанз ба шаҳраки зерзаминие дар Қум оғоз кардааст. Фаридун Аббосӣ мақоми муовини раёсати ҷумҳурии Эронро низ бар ӯҳда дорад. Телевизиони давлатии Эрон аз қавли Аббосӣ гуфт, ки коршиносон дар Фордов-маҳалле дар наздикии шаҳри Қум ба насби сентрифугҳо омодагӣ мегиранд. Кишварҳои ғарбӣ ҳарос доранд, ки Эрон ба иҷоди аслиҳаи ҳастаӣ даст меёбад, вале Эрон пайваста ин гуфтаҳоро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG