Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден аз раванди демократӣ дар Муғулистон ҳимоят кард


Имрӯз Ҷо Байден-муовини раиси ҷумҳури Амрико аз Муғулистон барои “гузори муҳим ба демократия” ситоиш кард. Ин кор баъд аз даҳҳо сол дар зери нуфузи Шӯравии собиқ қарор доштани Муғулистон сурат мегирад. Байден дар як боздиди мухтасар аз ин кишвар имрӯз гуфт, ки Амрико ҳамчунон ба тааҳҳудоти худ дар мавриди кӯмак ба Муғулистон барои идомаи раванди демократия вафодор боқӣ мемонад. Раванди демократӣ дар Муғулистон дар авоили солҳои 1990 оғоз шуд. Муғулистон дорои захоири зиёди маъодан аст ва барои рушди бахши энержӣ ба сармоягузории хориҷӣ ниёз дорад. Байден баъд аз Чин аз Муғулистон боздид кард.
XS
SM
MD
LG