Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди дурӯзаи Ангела Меркел аз Балкан оғоз мешавад


Ангела Меркел
Ангела Меркел
Имрӯз Ангела Меркел-нахуствазири Олмон барои як боздиди дурӯза аз Балкан вориди Хорватия мешавад. Қарор аст, вай имрӯз бо раҳбарони Хорватия мулоқот анҷом диҳад ва рӯзи сешанбе ба Сербистон биравад. Мақомоти расмӣ мегӯянд, дар ҷараёни ин боздид аслан ба масъалаи узвияти кишварҳои Балкан дар Иттиҳодияи Аврупо баррасӣ мешавад. Ин боздид замоне анҷом мегирад, ки ин иттиҳодия ба бӯҳрони қарз рӯ ба рӯст. Дар Белград ҳамчунин масъалаи коҳиши ташаннуҷи муносиботи миёни Сербистону Косово баррасӣ хоҳад шуд. Қарор аст Хорватия соли 2013 ба узвияти Иттиҳодияи Аврупо дарояд. Аммо Сербистон то ҳол истиқлоли Косоворо ба расмият нашинохтааст. Ин кишвар соли 2008 истиқлоли худро эълон карда буд.
XS
SM
MD
LG