Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама: Либия аз ҷанголи мустабид раҳо мешавад


Барак Обама

Барак Обама

Дар вокуниш ба рӯйдодҳои Троблус Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико гуфт, Либия “аз ҷанголи раҳбари мустабид раҳо мешавад”. Дар изҳороте Обама гуфт, муборизаи миёни Муаммар Қаззофӣ ва шӯришиён ба “нуқтаи ниҳоӣ”-и худ наздик шудааст. Ба гуфтаи Обама, акнун ояндаи Либия дар дасти мардуми Либия аст ва Амрико кӯмакҳои худро идома медиҳад, то интиқоди демократии қудрат дар Либия анҷом бигирад. Раҳбари Амрико қавл дод, ки дар ҳамоҳангии наздик бо шӯришиён ҳамкорӣ мекунад ва Амрико “ҳамчунон таъкид мекунад, ки ба ҳуқуқи аввалияи мардуми Либия эҳтиром гузошта шавад”.
XS
SM
MD
LG