Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргириҳои шадид дар атрофи қасри Қаззофӣ дар Троблус


Шӯришиён дар Троблус
Шӯришиён дар Троблус
Бино ба гузоришҳо, ин субҳ дар Троблус дар атрофи қасри Муаммар Қаззофӣ садои тирандозиҳои шадид шунида шуд. Шӯришиён вордиди Троблус-пойтахти Либия шудаанд ва барои санагунии ҳукумати Қаззофӣ мубориза мекунанд. Ҳоло шӯришиён бештари қисматҳои шаҳри Тороблусро ба контроли худ даровардаанд ва ҳангоми вуруд ба шаҳр аз ҷониби нируҳои Муаммар Қаззофӣ ба муқовимати чандоне рӯ ба рӯ нашудаанд. Вале муқовиматҳои алоҳида боқӣ мондааст. Маҳали буду боши Муаммар Қаззофӣ то ҳол рӯшан нест, вале гузориш мешавад, ки писараш Сайф- ул-Ислом боздошт шудааст ва писари дигараш Муҳаммад Қаззофӣ дар ҳабси хонагӣ қарор дорад. Шабона ҳазорон нафар мардуми Либия ба Троблус омаданд, то вуруд ба ин шаҳрро дар Майдони Сабз ҷашн гиранд. Рӯзи якшанбе Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико изҳороте пахш ва дар он гуфт, ки мубориза ба “нуқтаи ниҳоӣ”-и худ наздик ва кишвар “аз чанголи ҳокими ситамгар раҳо мешавад”.
XS
SM
MD
LG