Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Омодагии рақиби Тоҷикистон - Узбакистон ба бозии сабқати интихобӣ


Тими мунтахаби Узбакистон ҳангоми тамрин

Тими мунтахаби Узбакистон ҳангоми тамрин

Вадим Абрамов, сармураббии дастаи мунтахаби миллии футболи Узбакистон, рӯйхати бозигаронеро, ки ба ҷамъомади таълимиву тамринии даста пеш аз бозии даври севуми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол -2014 бо мунтахаби Тоҷикистон даъват шудаанд, эълон кард.

Ба руйхат 28 футболбоз дохил шудааст, ки 14 нафарашон дар бошгоҳҳои хориҷӣ бозӣ мекунанд.

Рӯзи 22-юми август 18 бозигари дастаи мунтахаб ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар шаҳри Тошканд шурӯъ кард, ки дар байни онҳо 4 легионер – Анзур Исмоилов, Шавкат Муллоҷонов, Сарвар Ҷепаров ва Азизбек Ҳайдаров ҳастанд.

Бозигарони дигар, ки дар бошгоҳҳои хориҷӣ бозӣ мекунанд, ба дастаи мунтахаб 28-уми август ҳамроҳ мешаванд. Ба дархости ниҳоии даста ҳамагӣ 23 футболбоз шомил хоҳад шуд.

Рӯйхати бозигароне, ки ба ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби миллии Узбакистон даъват шудаанд:

Дарвозабонҳо:

1. Игнатий Нестеров 1983 “Бунёдкор” /Тошканд/
2. Темур Ҷӯраев 1984 “Пахтакор” /Тошканд/

Ҳимоятгарон:

3. Шавкат Муллоҷонов 1986 “Ал-Аҳлӣ” /Қатар/
4. Виктор Карпенко 1977 “Бунёдкор” /Тошканд/
5. Ислом Тӯхтахоҷаев 1989 “Нефтчӣ” /Фарғона/
6. Анзур Исмоилов 1985 “Чанчун Ятай” /Чин/
7. Акбар Исматуллоев 1991 “Пахтакор” /Тошканд/
8. Салим Мустафоев 1991 “Динамо” /Самарқанд/
9. Виталий Денисов 1987 “Днепр” /Укроин/

Нимҳимоятгарон:

10. Сарвар Ҷепаров 1982 “Ал-Шабоб” /Арабистони Саудӣ/
11. Одил Аҳмадов 1987 “Анжи” /Русия/
12. Санҷар Турсунов 1986 “Волга” /Русия/
13. Темур Кападзе 1981 “Инчон” /Кореяи Ҷанубӣ/
14. Азиз Ҳайдаров 1985 “Ал-Шабоб” /АМА/
15. Вагиз Галиулин 1987 “Сибир” /Русия/
16. Станислав Андреев 1988 “Пахтакор” /Тошканд/
17. Лутфулло Тӯраев 1988 “Насаф” /Қаршӣ/
18. Фозил Мӯсоев 1989 “Насаф” /Қаршӣ/
19. Ҷасур Ҳасанов 1989 “Бухоро” /Бухоро/
20. Дилшод Раҳматуллоев 1989 “Олмалиқ” /Олмалиқ/
21. Ҷавлон Иброҳимов 1990 “Бунёдкор” /Тошканд/
22. Олег Зотеев 1989 “Олмалиқ” /Олмалиқ/

Ҳамлагарон:

23. Александр Гейнрих 1984 “Сувон” /Кореяи Ҷанубӣ/
24. Максим Шатских 1978 “Арсенал” /Укроин/
25. Улуғбек Бақоев 1977 “Жетису” /Қазоқистон/
26. Марат Бикмаев 1986 “Алания” /Русия/
27. Баҳодур Насимов 1987 “Нефтчӣ” /Озарбойҷон/
28. Александр Шадрин 1988 “Навбаҳор” /Намангон/

Бозии аввали даври севуми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Узбакистонро, ки 2-юми сентябр дар варзишгоҳи “Металлург”-и Турсунзода баргузор мешавад, гурӯҳи ҳакамон аз Чин доварӣ мекунад.

Хай Тан - сардовар, Юксин Му ва Жиге Су – ёварони сардовар, Лианг Жао - довари эҳтиётӣ таъйин шудаанд. Муҳаммад Ризо Касроии эронӣ комиссари бозӣ мебошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG