Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳушдори Асад алайҳи дахолати низомӣ дар Сурия


Раисиҷумҳури Сурия Башор Асад дар як паёми телевизионӣ алайҳи ҳар навъ дахолати низомӣ ба зидди кишвараш ҳушдор дод ва гуфт, чунин дахолатро бар хоҳанд гардонд. Башор Асад гуфт, бо вуҷуди мухолифатҳо хатари суқути давлати ӯ дигар аз байн рафтааст. Ӯ гуфт, интихоботи парлумонӣ шояд моҳи феврал дар пайи анҷоми як силсила ислоҳот, ки ширкати гурӯҳҳои дигар дар баробари ҳизби Баъси ӯро иҷозат бидиҳанд, доир шавад. Башор Асад дар пайи саркӯбии 5 моҳи эътирозҳое, ки ба гуфтаи СММ, то 2000 кушта ба ҷо гузошт, ба талабҳои истеъфо аз сӯи Ғарб рӯбарӯ шудааст. Аммо ӯ дар ин сӯҳбат чунин тақозоҳоро “барзиш” номид ва радд кард.
XS
SM
MD
LG