Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чирикиҳо - дар майдони Сабзи пойтахти Либия


Қаззофӣ(Акс аз бойгонӣ)
Қаззофӣ(Акс аз бойгонӣ)
Чирикиҳои Либия, бино ба хабарҳо, ба маркази Троблус расидаанд. Ин ба дунболи пешрафти тунд ва тақрибан бидуни муқовимати онҳо дар самти пойтахти Либия буда, телевизиони Skynews наворҳоеро намоиш медиҳад, ки дар он чирикиҳо парчамҳои мухолифин дар даст дар майдони Сабз – майдони марказии Троблус аз пирӯзии худ бар режими Муаммар Қаззофӣ таҷлил мекунанд.
Мӯсо Иброҳим, сухангӯи режими Муаммар Қаззофӣ НАТО-ро айбдор кард, ки бо тавсиъаи ҳамалот ба пешрафти чирикиҳо ба сӯи ин шаҳри, ба гуфтаи ӯ, “осоишта” кумак мекунад.
Чирикиҳо мегӯянд, Сайфулислом, яке аз писарони Муаммар Қаззофиро асир гирифтаанд. Амрико аз Шӯрои миллии гузор даъват кард, рӯи барномаи Либияи баъди Қаззофӣ биандешад. НАТО ва Бритониё гуфтанд, саҳнаҳои Троблус ҳокии анҷоми зуди Қаззофист.
XS
SM
MD
LG