Пайвандҳои дастрасӣ

Ёдбуди 77 қурбонии ҳамлаҳои Норвегия


Қотили норвегӣ Брейвик

Қотили норвегӣ Брейвик

Имрӯз, ки аз қатли 77 нафар дар ҳамлаҳои Норвегия як моҳ мегузарад, дар Осло ба ёди қурбониёни он ҳамлаҳо як маросими миллии ёдбуд доир хоҳанд кард. Дар ин маросим дар Спектрум Арена, қарор аст, 6 000 нафар, бо шумули пайвандони қурбониён гирди ҳам биоянд. Дар расми ёдбуд подшоҳи Норвегия Ҳаралд ва сарвазираш Йенс Столтенберг суханронӣ мекунанд ва ҷараёни маросим ба таври зинда пахш хоҳад шуд. Масъулияти он ҳамлаҳоро Андерс Беринг Брейвик, як ифротии ростгаро бар ӯҳда гирифта, дар боздошт қарор дорад. Ӯ рӯзи 22 июл ибтидо 8 нафарро дар Осло ва сипас 69 тани дигарро дар як урдугоҳи ҷавонон дар ҷазираи Утоея кушт.
XS
SM
MD
LG