Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вокуниши Ҳ.Клинтон ба ҳукми додгоҳи Эрон


Ҳилларӣ Клинтон

Ҳилларӣ Клинтон

Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон гуфт, аз ҳукми зиндони ду амрикоӣ бо ҷурми ҷосусӣ дар Эрон “амиқан маъюс” шудааст. Додситони кулли Эрон Аббос Ҷаъфарии Давлатободӣ дирӯз таъйид кард, ки Ҷош Фатал ва Шон Бауэр 8-солӣ ҳукми зиндон гирифтаанд, ки 3-солиаш барои “убури ғайриқонунӣ” ба хоки Эрон ва 5-солии дигараш барои “ҷосусӣ”-ст. Давлатободӣ гуфт, Бауэр ва Фатал барои шикоят аз ин ҳукм 20 рӯз дар ихтиёр доранд. Ин ду нафар ва Сара Шоурд моҳи июли соли 2009, ҳангоми кӯҳнавардӣ дар марзи Эрону Ироқ боздошт шуданд. Сара Шоурд соле пеш дар ивази 500 000 доллар пули гарав раҳо ёфт ва ба Амрико баргашт. Ҳарсе мегӯянд, ҳангоми кӯҳнавардӣ нодониста вориди Эрон шудаанд.
XS
SM
MD
LG