Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: "Либия дар ҳоли раҳоӣ аз чанги як ситамгар аст"


Ҷашни пирӯзии мухолифони Қаззофӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:34 0:00
Линки мустақим

Пешрафти чирикиҳо дар Троблус мояи тантанаву таҷлилҳои густарда дар ин шаҳр ва Бенғозӣ - пойтахти чирикиҳо - ва гӯшаҳои дигари Либия низ шудааст...

Бархе аз раҳбарони кишварҳои ғарбӣ аз Муаммар Қаззофӣ хостанд, то барои ҳамеша аз қудрат канора бигирад.

Девид Камерон, нахуствазири Бритониё, гуфт, режими Қаззофӣ дар ҳоли аз ҳам пошидан аст ва ӯ аз раҳбари Либия хост, ки бидуни шарту шароит ба даргириҳо хотима диҳад.


Вай гуфт, сарнавишти ояндаи Қаззофӣ дар дасти раҳбарияти нави Либия хоҳад буд: "Мехоҳам, ки Қаззофӣ ба сазои аъмолаш бирасад. Ӯ бар зидди мардуми худаш ба ҷиноятҳои мудҳиш даст
Девид Камерон

зад. Вале Либия кишвари мустақил аст ва ба раҳбарони нави Либия вобаста аст, ки сарнавишти Қаззофӣ чӣ хоҳад шуд."

Паймони НАТО дархост кард, ки дар Либия интиқоли қудрат ба таври сулҳомез сурат бигирад. Ин дар ҳолест, ки шӯришиёни Либия вориди шаҳри Троблус, пойтахти Либия, шудаанд ва контроли бештар аз 80 дарсади Троблусро ба даст даровардаанд.

Андерс фоғ Расмуссен, дабири кулли НАТО имрӯз дар Бруссел гуфт, ин паймон омода аст бо мардуми Либия ҳамкорӣ кунад.

Дар вокуниш ба рӯйдодҳои Троблус Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико гуфт, Либия “аз ҷанголи раҳбари мустабид раҳо мешавад”. Дар изҳороте Обама гуфт, муборизаи миёни Муаммар Қаззофӣ ва шӯришиён ба “нуқтаи ниҳоӣ”-и худ наздик шудааст. Ба гуфтаи
Барак Обама

Обама, акнун ояндаи Либия дар дасти мардуми Либия аст ва Амрико кӯмакҳои худро идома медиҳад, то интиқоди демократии қудрат дар Либия анҷом бигирад.

Раҳбари Амрико қавл дод, ки дар ҳамоҳангии наздик бо шӯришиён ҳамкорӣ мекунад ва Амрико “ҳамчунон таъкид мекунад, ки ба ҳуқуқи аввалияи мардуми Либия эҳтиром гузошта шавад”.

Ҳоло шӯришиён, ки бештари қисматҳои шаҳри Тороблусро ба контроли худ даровардаанд, ҳангоми вуруд ба шаҳр аз ҷониби нерӯҳои Муаммар Қаззофӣ ба муқовимати чандоне рӯ ба рӯ нашудаанд. Вале муқовиматҳои алоҳида боқӣ мондааст.

Маҳали будубоши Муаммар Қаззофӣ то ҳол рӯшан нест, вале гузориш мешавад, ки писараш Сайфулислом боздошт шудааст ва писари дигараш Муҳаммад Қаззофӣ дар ҳабси хонагӣ қарор дорад.
Муаммар Қаззофӣ

Телевизиони Skynews низ наворҳоеро намоиш дод, ки дар он чирикиҳо парчамҳои мухолифин дар даст дар майдони Сабз – майдони марказии пойтахти Либия аз пирӯзии худ бар режими Муаммар Қаззофӣ таҷлил мекунанд. Чирикиҳо гуфтаанд, майдони Сабзро, ки ба шарафи Инқилоби сабзисоли 1969-уми Қаззофӣ ин номро гирифта буд, майдони Шаҳидон ном хоҳанд дод.



Мақомоти НАТО мегӯянд, ба далели тағйири зуди ҷабаҳоти ҷанг тадқиқи аҳдофи ҳамалоти ҳавоии ин паймони низомӣ торафт мушкилтар мешавад.

Сухангӯи Қаззофӣ аммо ин паймонро айбдор кард, ки ба хотири кумак ба пешрафти чирикиҳо ба сӯи ин шаҳри, ба таъбири ӯ, “осоишта” мизони ҳамалоти ҳавоияшро бештар кардааст. Мӯсо Иброҳим, сухангӯи Қаззофӣ гуфт: “НАТО ҳамлаҳояш дар Троблус ва атрофи онро густариш дода, ба таври фаврӣ ва мустақим аз пешрафти чирикиҳо ба сӯи пойтахти осоиштаи ин миллати бузург ҳимоят мекунад ва шумори кушташудаҳо ғайриқобилитасаввур шудааст.”

Амрико аз Шӯрои миллии гузор даъват кард, то аз ҳоло рӯи барномаи Либияи баъд аз Қаззофӣ фикр кунад. Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Виктория Нуланд гуфт, “рӯзҳои Қаззофӣ ба шумор мондааст ва агар Қаззофӣ саодати мардуми Либияро бихоҳад, бояд ҳозир истеъфо диҳад.”
XS
SM
MD
LG