Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи якшанбе, дар рӯзи чоруми хушунатҳо дар атрофи навори Ғаза, боз 22 мушак аз инҷо ба сӯи Исроил партоб шуда, нирӯҳои ҳавоии Исроил низ аҳдоферо дар ин сарзамини фаластинӣ нишон гирифтаанд. Ин дар ҳолест, ки Исроил талош дорад буҳрони дипломатии пешомада бо Мисрро хунсо кунад.
Рӯзи шанбе бар асари асобати як мушаки навъи “Град” дар шаҳри Беершева дар ҷануби Исроил як мард кушта ва 18 тан захмӣ шуданд.
Манобеъи амниятии фаластинӣ мегӯянд, нирӯҳои ҳавоии Исроил дирӯз 4 амалиёт анҷом додаанд. Рӯзи панҷшанбе дар як силсилаи ҳамлаҳо дар Исроил 8 мулкӣ ҷон бохтанд ва дар ҷараёни таъқиби ҷангиён дар марзи Исроилу Миср 5 афсари пулиси Миср кушта шуданд, ки мояи таниши дипломатии байни ду кишвар шуд. Қоҳира гуфт, ин афсаронро нирӯҳои Исроил куштаанд. Мақомоти Исроил як рӯз баъди аз ин ҳодиса изҳори таассуф кардани вазири дифоъ Эҳуд Барак талош доранд, то таниш бо Қоҳираро рафъ кунанд.
XS
SM
MD
LG