Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чирикиҳо вориди пойтахти Либия шудаанд


Садҳо чирикӣ вориди Троблус шуда, бино ба хабарҳо, дар ҳамагӣ чандкилометрии маркази пойтахти Либия қарор доранд. Гуфта мешавад, чирикиҳо дар роҳи вуруд ба Троблес аз самти ғарб ба муқовимати чандоне дучор нашудаанд. Мӯсо Иброҳим, сухангӯи режими Муаммар Қаззофӣ НАТО-ро айбдор кард, ки бо тавсиъаи ҳамалот ба пешрафти чирикиҳо ба сӯи ин шаҳри, ба гуфтаи ӯ, “осоишта” кумак мекунад: “НАТО ҳамлаҳояш дар Троблус ва атрофи онро густариш дода, ба таври фаврӣ ва мустақим аз пешрафти чирикиҳо ба сӯи пойтахти осоиштаи ин миллати бузург ҳимоят мекунад ва шумори кушташудаҳо ғайриқобилитасаввур шудааст.”
Чирикиҳо мегӯянд, Сайфулислом, яке аз писарони Муаммар Қаззофиро асир гирифтаанд. Аммо ин иддао ҳанӯз расман таъйид нашудааст. Чирикиҳо мегӯянд, агар Қаззофӣ тарки Либия кунад, онҳо ҳам ба ҷанг хотима хоҳанд дод. Амрико аз Шӯрои миллии гузор даъват кард, рӯи барномаи Либияи баъди Қаззофӣ биандешад. НАТО гуфтааст, режими Қаззофӣ дар ҳоли фурӯпошист. Бритониё мегӯяд, саҳнаҳои Троблус ҳокии анҷоми зуди Қаззофист.
XS
SM
MD
LG