Пайвандҳои дастрасӣ

Нархи чидани пахта дар Хатлон 60 дирам таъйин шуд


Пахтачинӣ дар Данғара(тирамоҳи соли 2010)

Пахтачинӣ дар Данғара(тирамоҳи соли 2010)

Раиси вилояти Хатлон гуфтааст, нархи чидани ҳар кило пахта дар марҳалаи аввали маъракаи пахтачинӣ набояд камтар аз 60 дирам таъйин шавад. Ғайбуллоҳ Афзалов аз раҳбарони навоҳӣ даъват кард, ки пардохти саривақти пули пахтачинҳоро таъмин кунанд.
Вилояти Хатлон бузургтарин минтақаи пахтакори Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Имсол дар ин кишвар қасд доранд, ним миллион тонна ҳосил ба даст биоранд. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон соли гузашта чизе бештар аз 300 000 тонна пахта ҷамъ оварда буд.
XS
SM
MD
LG