Пайвандҳои дастрасӣ

Лигаи кишварҳои араб ҳамлаи Исроил ба Ғаззаро маҳкум кард


Лигаи кишварҳои араб имрӯз ҳамлаи ҳавоии Ирсоил ба Ғаззаро ҳамчун “ҷинояти омодашуда” маҳкум кард ва аз Созмони Милал хост ба авзоъ мудохила кунад. Дар изҳороти лига, ки дар ҷаласаи изтирории он дар Қоҳира ба тасвиб расид, гуфта мешавад, “ин ҳамла ҳамчун як ҷинояти пешакӣ омодашуда зидди Навори Ғазза бояд ба силсилаи ҷиноятҳои ба нақз ах қатънома ва созишномаҳо содиркардаи Исроил изофа шавад.” Лигаи кишварҳои араб ҳамчунин нақзи марзҳои Миср аз тарафи Исроилро маҳкум кард, ки дар ҷараёни он панҷ полиси мисрӣ кушта шудаанд. Ҷаласаи изтирории созмони иборат аз 22 кишвари узв дар сатҳи намояндагони доимии онҳо бо талаби раиси маъмурияти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос баргузор гашт.
XS
SM
MD
LG