Пайвандҳои дастрасӣ

“Равшан” дар сабқати Лигаи олӣ боз пешсаф шуд


Лаҳзае аз бозии миёни тими "Регар-ТадАЗ" ва "Равшан" (Акс аз бойгонӣ)

Лаҳзае аз бозии миёни тими "Регар-ТадАЗ" ва "Равшан" (Акс аз бойгонӣ)

Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб пас аз пирӯзӣ дар даври 27-уми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон дар ҷадвали мусобиқот боз ба ҷойи аввал баромад.

“Равшан” дар майдони худ бар ССКА "Помир" (Душанбе) бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард. Комил Саидов, ҳамлагари меҳмонон, дар нимаи аввали бозӣ ҳисобро боз намуд.

Вале бояд гуфт, ки пеш аз ин гол мизбонон имкони садфоизаи голзаниро аз даст доданд. Зокир Абдулхайров, бозигари “Равшан”, аз ҷаримаи 11-метра истифода карда натавонист. Дар нимаи дуввуми дидор Наврӯз Рустамов ду гол ва Фозил Сатторов як гол ба самар расонданд.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар меҳмонӣ ба дарвозаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд” се голи беҷавоб зад. Иброҳим Рабимов ду гол (дақиқаҳои 30-юм ва 76-ум) ва Дилшод Восиев (90+1) як гол ба ҳадаф расонданд.

«Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ «Хайр»-и Ваҳдатро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Тақдири бозиро голи ягонаи Назиршо Ризомов дар дақиқаи 4-ум ба нафъи мизбонон ҳал намуд.

«Гвардия»-и Душанбе аз тими меҳмон - «Энергетик»-и Душанбе бо ҳисоби 1:5 шикаст хӯрд. Дар ин бозӣ ҳисобро бозигари мизбонон Ҳамид Наибов кушод. Самад Шоҳзуҳуров дар нимаи аввал ҳисобро баробар кард. Чаҳор голи дигари “Энергетик”-ро дар нимаи дуввум Габриэл Донто, Шавкати Ҳотам (2 гол) ва Акмал Авазов заданд.

Бозии охирини даври 27-ум, ки миёни дастаҳои «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Шодмон»-и Ҳисор 22-юми август дар варзишгоҳи “Фурудгоҳ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор шуд, бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 3:1 анҷом ёфт. Ду голи Асадулло Бобоҷонов ва як голи капитани даста, Мансур Ҳакимов ба "Парвоз" се имтиёз овард.

Ба ин тартиб “Равшан” бо 56 имтиёз дар садри ҷадвал қарор дорад. “Регар-ТадАЗ”, ки аз бозии даври 27-ум озод буд, бо 54 имтиёз дар ҷойи дуввум аст. “Истиқлол”, ки чаҳор бозӣ камтар кардааст, бо 52 имтиёз дар ҷои севум мебошад.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Фозил Сатторов ("Равшан") бо 14 гол дар ҷойи аввал аст. Юсуф Рабиев («Истиқлол») бо 13 гол дар ҷойи дуввум ва Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) бо12 гол дар ҷойи севум қарор доранд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т/Т И
1. “Равшан” 24 18 2 4 46-20 56
2. “Регар-ТадАЗ” 23 17 3 3 60-18 54
3. Истиқлол” 20 17 1 2 50-11 52
4. "Хайр" 25 13 3 9 40-26 42
5. Энергетик 23 11 2 10 41-38 35
6. ССКА "Помир" 24 11 1 12 44-45 34
7. "Хуҷанд" 23 8 4 11 31-40 28
8. ахш" 23 8 1 14 24-30 25
9. “Парвоз 24 7 3 14 26-48 24
10. Шодмон” 24 4 2 18 25-61 14
11. вардия" 23 2 2 19 18-68 8


Ҷоми Тоҷикистон-2011
1/8 финал


Бозиҳои аввал:
24-уми август (чоршанбе)


«Хуҷанд» (Хуҷанд) - «Ҳулбук» (Восеъ)
«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) - «Истаравшан» (Истаравшан)

25-уми август (панҷшанбе)

«Вахш» (Қӯрғо€нтеппа) - «Пахтакор» (Қубодиён)
«Гвардия» (Душанбе) - «Сабо» (Шаҳринав)
ССКА «Помир» (Душанбе) - «Данғара» (Данғара)
“Равшан» (Кӯлоб) - «Локомотив» (Душанбе)
«Хайр» (Ваҳдат) - «Ситора» (Рӯдакӣ)
«Шодмон» (Ҳисор) - «Зарафшон» (Панҷакент)
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - «Ҳосилот» (Фархор)
«Энергетик» (Душанбе) - «Румӣ» (Ҷалолиддини Румӣ)

Оғози бозиҳо – соати 17.

Бозиҳои ҷавобӣ
28-уми август (якшанбе)

Оғози бозиҳо – 16.30

Даври 28-уми мусобиқот
1-уми сентябр (панҷшанбе)

«Регар-ТадАЗ» - «Хуҷанд»
«Хайр» - «Гвардия»
«Шодмон» - «Равшан»
«Энергетик» - «Парвоз»

Бозии «Истиқлол» - «Вахш» ба мӯҳлати дертар гузошта шудааст.

Оғози бозиҳо – соати 16.30

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG