Пайвандҳои дастрасӣ

Тирандозӣ ва таркишҳо шаби гузашта бахше аз пойтахти Либия, Троблусро фаро гирифт. Хабаргузории Ройтерз ба нақл аз сокинони шаҳр мегӯяд, даргириҳо дар чанд қисмати шаҳр буруз кард ва мухолифони Муаммар Қаззофӣ дар кӯчаҳо буданд. Сухангӯи ҳукумати Қаззофӣ гуфт, гурӯҳи хурде аз шӯришиёни мусаллаҳ вориди Троблус шуд, ҳадаф қарор гирифт ва шаҳр ҳоло амн аст. Қаззофӣ дертар дар паёми аудиоияш, ки дар телевизиони давлатӣ пахш гашт, ба либиёӣ табрик гуфт, ки ончиро вай “каломушҳо” номид, маҳв кардаанд. Вале шӯришиён мегӯянд, ҳокимияти Қаззофӣ ба поёни хеш наздик мешавад.
XS
SM
MD
LG