Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Миср аз ваъдаи Исроил дар таҳқиқи муштараки марги панҷ маъмури амниятияш дар марзи ду кишвар истиқбол кард, аммо инро нокофӣ донист. Панҷ полиси мисрӣ аз тарафи нерӯҳои исроилӣ дар амалиёти зидди мусаллаҳоне кушта шуданд, ки дар дохили Исроил ҳашт нафарро ба ҳалокат расонданд. Куштори маъмурони амниятии Миср тазоҳуроти хашмолудеро дар баробари сафорати Исроил дар Қоҳира ангезиш дод. Рӯзи шанбе ҳукумати Миср гуфт, сафири кишвар дар Исроилро фаро хоҳад хонд.
XS
SM
MD
LG