Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Байден: "Иёлоти Муттаҳида ҳаргиз варшикаста нахоҳад шуд"


Ноиб-президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷо Байден гуфт, кишвараш ҳаргиз зимни қарзи хориҷии хеш варшикаста нашудааст ва нахоҳад шуд. Ин нуктаро Байден дар ҷараёни сафараш ба Чин дар вилояти Сичуани ин кишвар иброз дошт. Дар паёме дар Донишгоҳи Сичуан, Байден ҳамчунин гуфт, сармоягузориҳои Чин дар Иёлоти Муттаҳида эмин мебошанд. Вай изофа кард, ҳарду кишвар ба эътидоли ҷаҳонӣ, аз ҷумла пешгирӣ аз дастрасии Эрон ва Кореяи Шимолӣ ба силоҳи ҳастаӣ ниёз доранд.
XS
SM
MD
LG