Пайвандҳои дастрасӣ

Сайёҳони амрикоӣ дар Эрон ба 8 соли ҳабс маҳкум шуданд


Шон Бауэр (аз чоп) ва Ҷош Фаттал дар додгоҳи Теҳрон, 6-уми февраи соли 2011.

Шон Бауэр (аз чоп) ва Ҷош Фаттал дар додгоҳи Теҳрон, 6-уми февраи соли 2011.

Ду ҷаҳонгарди амрикоӣ дар Эрон бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз ва ҷосусӣ маҳкум шуданд.

Додситони кулли Эрон имрӯз ҳукми ҳашт сол ҳабси ду шаҳрванди Иёлоти Муттаҳидаро тасдиқ кард, ки ду сол пеш дар масири марзи Эрону Ироқ боздошт шудаанд. Аббос Ҷаъфари Давлатободӣ гуфт, маҳкумшудагон барои шикоят аз ин ҳукм 20 рӯз фурсат доранд.

Ҳукми амрикоии савум, Сара Шруд, номзади Бауэр ҳанӯз содир нашудааст. Вай дар ивази гаравпулии 500 000 доллар дар моҳи сентябри соли 2010 озод шуда ва ба Калифорния баргашт. Сегона мегӯяд, онҳо дар моҳи июли соли 2009 ҳангоми кӯҳгардӣ надониста, марзи беаломати Эронро гузаштанд ва боздошт шуданд.

Телевизиони Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар дод, ки додгоҳи Теҳрон ҳар кадоме аз шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳида Шон Боер ва Ҷош Фатталро ба ҳашт соли зиндон маҳкум кард.

Дар хабар гуфта мешавад, онҳо барои “вуруди ғайриқонунӣ” ба Эрон ба се ва барои “ҷосусӣ” ба панҷ соли ҳабс маҳкум шудаанд, ки маҷмӯан 8-солӣ мешавад. Аммо рӯшан нашудааст, ки муддати то ҳоло дар зиндон басарбурдаи онҳо ба ин мӯҳлат шимол аст ё на.

Масъуди Шафеӣ, вакили ҳуқуқии маҳкумшудагон ба Радиои Фардо гуфт, ҳанӯз ҳалнома на тариқи расмӣ ва на
Масъуди Шафеӣ, вакили дифоъ

ғайрирасмӣ ба дасти ӯ нарасидааст. Аммо ӯ изҳори умедворӣ кард, ки баъд аз хушбинии вазири умури хориҷии Эрон Алиакбари Солеҳӣ зерҳимоятҳои ӯ ба озодӣ хоҳанд баромад. Солеҳӣ рӯзи 6-уми август гуфт, бовар дорад, ки сарнавишти ду ҷаҳонгарди амрикоӣ рӯ ба сӯи озодист.

Бауэр, Фаттал ва шаҳрванди дигари Амрико, Сара Шруд дар моҳи июли соли 2009 дар марзи Эрон боздошт шуданд ва мегӯянд, иштибоҳан аз қаламрави Ироқ вориди Эрон гаштаанд. Шруд дар соли 2010 зимни гаравпулӣ озод шуд ва ба Амрико баргашт. Иёлоти Муттаҳида иттиҳоми ҷосусии ин се нафарро рад ва борҳо озодии фаврии шаҳрвандони худро тақозо кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG