Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил аз ҳалокати марзбонони мисрӣ изҳори таассуф кард


Эҳуд Барак, вазири дифои Исроил
Эҳуд Барак, вазири дифои Исроил
Вазири дифои Исроил Эҳуд Барак гуфт, кишвараш аз қатли панҷ полиси мисрӣ аз тарафи нерӯҳои исроилии дар ҳоли таъқиби мусаллаҳон дар марз “афсӯс” мехӯрад. Вай афзуд, шароит ва ҷузъиёти воқеа аз тарафи ҳарбиёни ду тараф пажӯҳиш мешавад. Исроил гуфтааст, ки мусаллаҳон аз қаламрави Миср ҳамла карданд ва ҳашт исроилиро куштанд. Ҳукумати Миср дар робита ба ҳалокати маъмурони амниятияш дар марзи Исроил сафири худро аз Исроил фаро хонд. Дар изҳороти ҳукумати Миср, ки имрӯз мунташир гашт, гуфта мешавад, Исроил “аз лиҳози сиёсӣ ва қонунӣ” масъули ҳалокати мисриҳост ва ин воқеа нақзи созиши сулҳи соли 1979-и байни ду кишвар аст. Садҳо нафар аз мисриҳо дар баробари сафорати Исроил дар Қоҳира даст ба тазоҳурот заданд.
XS
SM
MD
LG