Пайвандҳои дастрасӣ

Аз зоирони тоҷик пардохти долларӣ тақозо шудааст


Кумитаи дини Тоҷикистон аз хоҳишмандони сафари ҳаҷ тақозо кард, харҷи сафарро танҳо бо доллари амрикоӣ пардохт кунанд. Муовини раиси ин кумита, Мавлон Мухторов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ сабаби ин тасмимро чунин шаҳр дод:

“То сафари ҳаҷ як моҳи дигар дар пеш аст ва агар қурби сомонӣ боз ҳам ночиз шавад, онро кӣ ҷуброн хоҳад кард? Барои ҷилавгирӣ аз ин ҳолат мо долларро қабул намудем.”

Ин даъват дар ҳоле садо медиҳад, ки харҷи сафар низ афзоиш ёфта, аз 3191 доллари соли гузашта ба 3348 доллар расидааст.
XS
SM
MD
LG