Пайвандҳои дастрасӣ

Сайёҳони амрикоӣ дар Эрон ба 8 соли ҳабс маҳкум шуданд


Шон Бойер (чап) ва Ҷош Фаттал

Телевизиони Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар дод, ки додгоҳи Теҳрон шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳида Шон Боер ва Ҷош Фатталро ба ҳашт соли зиндон маҳкум кард. Дар хабар гуфта мешавад, онҳо барои “вуруди ғайриқонунӣ” ба Эрон ба се ва барои “ҷосусӣ” ба панҷ соли ҳабс маҳкум шудаанд. Бойер, Фаттал ва шаҳрванди дигари Амрико, Сара Шруд дар моҳи июли соли 2009 дар марзи Эрон боздошт шуданд ва мегӯянд, иштибоҳан аз қаламрави Ироқ вориди Эрон гаштаанд. Шруд дар соли 2010 зимни гаравпулӣ озод шуд ва ба Амрико баргашт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG