Пайвандҳои дастрасӣ

Раисиҷумҳури Тоҷикистон қонуни афвро имзо кард


Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, қонуни афвро имзо кард, ки ба муносибати 20-умин солгарди истиқлолияти миллии Тоҷикистон омода ва аз тарафи порлумон тасвиб шудааст. Бино бар ин қонун занон ва афроде, ки ҳангоми содир кардани ҷиноят ба синни 18-солагӣ нарасида буданд, мардони аз 55-сола боло, маълулон, беморони сил, собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва амалиёти ҳарбӣ дар ҳудуди кишварҳои дигар, ширкаткунандагони низои мусаллаҳона дар Тоҷикистон, собиқадорони Чернобил, барандагони ҷоизаҳои давлатӣ, ҳарбиён, хориҷиён, аъзои аҳзоби сиёсӣ ва ҷамъияту иттиҳодияҳои ғайриқонунии динӣ, ки то 5 соли ҳабс ҳукм гирифтаанд, ба озодӣ хоҳанд баромад. Ба сурати умум ин қонун ба 15 000 нафар рабт хоҳад гирифт ва 4 ҳазор нафар аз маҳбас хоҳанд баромад. Ин 13-умин қонуни афв дар 20 соли истиқлолият аст. Бино бар 12 қонуни қаблӣ 100 000 нафар афв шудаанд.
XS
SM
MD
LG