Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии арзи вакилони "А-П" дар Додситонии кулли Тоҷикистон


Ноиби додситони кулли Тоҷикистон, Абдуқодир Муҳаммадиев вакили ҳуқуқии ҳафтаномаи “Азия-Плюс» Шӯҳрат Қудратовро, ки мегӯяд ҳадафи таҳдиди корманди умури дохилӣ Валихон Муллоев қарор гирифтааст, ба ҳузур пазируфт. Бино ба навиштаи ин хабаргузорӣ, ноиби додситони кул ба вакил хабар додааст, ки аризаи ӯро дар бораи “воқеӣ шумурдани таҳдид”-и Муллоев пазируфтааст ва ин шикоят то рӯзи сешанбе баррасӣ хоҳад шуд. Вакил Қудратов ва ҳамкори ӯ Абдураҳмон Шарифов 17-уми август ба Додситонии кулли Тоҷикистон шикоят карданд, ки сарҳанг Муллоев, ки аз ноиби вазири умури дохилӣ Анвар Тағоймуродов намояндагӣ мекард, дар толори додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ онҳоро ҳадафи таҳдид қарор додааст.
XS
SM
MD
LG