Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати Миср эълон кард, ки дар робита ба ҳалокати панҷ узви нерӯҳои амниятии худ дар наздикии марз ба Исроил сафири худро аз Исроил фаро хондааст. Маъмурони амниятии Миср дар ҳоле кушта шудаанд, ки нерӯҳои исроилӣ мусаллаҳонеро дар масири марзи ҷанубӣ пас аз ҳамла ба Исроил ва қатли ҳашт исроилӣ таъқиб мекардаанд. Дар иҳзороти ҳукумати Миср, ки имрӯз мунташир гашт, гуфта мешавад, Исроил “аз лиҳози сиёсӣ ва ҳуқуқӣ” масъули ҳалокати мисриҳост ва ин воқеа нақзи созиши сулҳи соли 1979-и байни ду кишвар аст. Ҷузъиёти қатли мисриҳо дар ахбор тазодомез аст ва Исроил гуфтааст, қазияро таҳқиқ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG