Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Сурия 30 мухолифи дигар ба ҳалокат расиданд


Фаъолони мухолиф дар Сурия мегӯянд, дар ҳоле ки режими Башор Асад бо маҳкумияти байнулмилалӣ рӯбарӯст, нерӯҳои амниятии ин кишвар зиёда аз 30 нафарро ба ҳалокат расондаанд. Бино бар хабарҳо бештари қатлҳо дар шаҳри Ҳумси вилояти Диро, маҳале иттифоқ афтоданд, ки нахустин ошӯбҳо дар моҳи марти соли равон дар ин ҷо сар зада буданд. Ин хабарҳо дар ҳоле мерасад, ки ҳукумати Сурия гуфтааст, ҳама гуна амалиёти ҳарбӣ ва амниятиро қатъ кардааст. Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо дар як ташаббуси ҳамоҳангшуда аз президент Асад даъват кардаанд, аз мақомаш истеъфо диҳад.
XS
SM
MD
LG