Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ва СММ таркиш дар масҷиди Покистонро маҳкум карданд


Иёлоти Муттаҳида ва Созмони Милал бомбгузории худкушона дар як масҷиди Покистонро, ки 48 кушта ва даҳҳо захмӣ ба ҷой гузошт шадидан маҳкум карданд. Ин ҳамла дар минтақаи қабиланишини Хайбари ҳаммарз бо Афғонистон ҳангоми таробеҳи рӯзи ҷумъа дар моҳи барои мусулмонон муқаддаси рамазон ба вуқӯъ пайваст ва гуфта мешавад, бомбгузор як писарбача буд. Созмон ё гурӯҳе масъулияти ҳамларо бар дӯш нагирифтааст, аммо аъзои қабилаи кокихейл бар инанд, ки мухолифати онҳо бо Толибон сабаби чунин ҳамла шудааст.
XS
SM
MD
LG