Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Сурия тазоҳурот идома карда ва хунрезӣ ҳам


Ба гуфтаи фаъолони ҳуқуқ, бо идомаи тазоҳурот дар чанде аз шаҳрҳои Сурия, аз ҷумла пойтахт шаҳри Димишқ рӯзи ҷумъа дасти кам 10 нафар кушта шуданд. Бино ба гузоришҳо, дар он рӯз, дар шаҳрҳои Даръо, Ҳумс ва Лозиқия ҳазорон нафар баъди намози ҷумъа ба хиёбонҳо рехта алайҳи давлати Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия эътироз кардаанд. Созмони Милал мегӯяд, аз замони оғози тазоҳуроти зиддидавлатӣ дар моҳи март, нерӯҳои амниятии Сурия то кунун тақрибан ду ҳазор нафарро куштаанд. Рӯзе пештар Амрико ва қудратҳои аврупоӣ хостори истеъфои Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия шуданд ва имрӯз давлати Русия гуфт, мухолифин ин кор аст ва Башшор Асад, барои анҷоми ислоҳоти ваъдагиаш вақти бештар дода шавад.
XS
SM
MD
LG