Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ваъдаи Туркия ба Сомалии гирифтори қаҳтӣ


Раҷаб Тайиб Эрдӯғон, нахуствазири Туркия, имрӯз зимни боздидаш аз Муқадишу гуфт, кишвараш дар Сомалӣ сафоратхона боз мекунад. Раҷаб Тайиб Эрдӯғон, ки ба хотири ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба қаҳтӣ дар Сомалӣ, ба инҷо сафар кардааст, гуфт, Туркия бо бунёди як роҳ фурудгоҳи Муқадишуро ба маркази он васл хоҳад кард ва барои таъмини беҳтари мардум бо об чоҳҳои нав хоҳад кофт ва мактабу хонаҳо бунёд хоҳад кард. Хушксолии давомдор миллионҳо нафарро дар Сомалӣ ба қаҳтиву гуруснагӣ гирифтор кардааст. Созмони ҳамкориҳои исломӣ аввали ин ҳафта барои рафъи мусибат дар Сомалӣ 350 миллион доллар кӯмак хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG