Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як модари озарӣ аз хонум Клинтон кӯмак хост


Модари як ҷавони озарӣ ва номзади собиқ ба порлумони Озарбойҷон бо ирсоли номае аз Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико, аз ӯ хостааст, дар раҳоии фарзандаш кӯмак кунад. Бахтиёр Ҳоҷиев, ки аввали имсол аз тариқи Фейсбук ҷавонони озариро ба тазоҳуроти зиддидавлатӣ даъват кард, барои сарпечӣ аз хидмат дар артиш моҳи май ба 2 соли зиндон маҳкум шуд. Ба гузориши бахши озарии Радиои Озодӣ, Солида Мавлоева, модари Бахтиёр Ҳоҷиев, дар номааш ба хонум Клинтон гуфтааст, “писари ӯро барои даъват ба озодӣ ва демократия” ба зиндон андохтаанд ва аз ӯ хостааст, ҳамчун як модар ба модар кӯмак кунад.
XS
SM
MD
LG