Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Салиби Сурх аз зиндонҳои Тоҷикистон боздид мекунад?


Яке аз зиндонҳои шаҳри Душанбе
Яке аз зиндонҳои шаҳри Душанбе

Тоҷикистон изҳори омодагӣ кард, ки ба боздиди намояндагони Салиби Сурх аз зиндонҳо мусоидат мекунад.

Ин тасмим дар сари мизи гирде, ки дар намояндагии Салиби Сурхи байнулмилал дар шаҳри Душанбе бо ширкати намояндагони ҳукумати Тоҷикистон доир гашт, ироа шуд.
Агар ҷинояткор ҳам бошад, ҳуқуқ дорад. Онро қонун бояд ҳифз кунад. Ба зиндон афтодани ҷинояткор ба ин маъно нест, ки ӯ дигар ҳуқуқ надорад...


Давлат Назрӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: "Тоҷикистон омода аст, ки барои ба ҷойҳои адои ҷазо ворид шудани коршиносони Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх мусоидат кунад. Аз ҷониби Салиби Сурх танҳо хоста мешавад, ки замону макони мавриди назарашонро мушаххас кунанд, яъне куҷо ва кай рафтан мехоҳанд. Ба асоси ин кор идома хоҳад кард."


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:56 0:00
Линки мустақим



Давлат Назрӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон
Давлат Назрӣ афзуд, ин иқдом яке аз воситаҳои муассири ҷилавгирӣ аз шиканҷа ва намудҳои дигари бадрафторӣ аст, ки шаъну шарафи инсонро паст мезананд.

Тоҷикистон дар ҳоле ин иқдомро мегирад, ки Кумитаи Салиби Сурхи байнулмилал ҳудуди 10 сол ба ин сӯ мехост ба маҳбасҳои кишвар роҳ ёбад, аммо ҳамвора ба мухолифати мақомоти Тоҷикистон дучор меомад.

Ҳамчунин соли равон дар боздоштгоҳҳои Тоҷикистон камаш як боздоштшуда ва як маҳбус ба ҳалокат расиданд, ки ба қавли наздиконашон эҳтимолан мавриди шиканҷаи масъулони ин муассисаҳо қарор гирифта буданд.

Ҳарчанд ки мақомоти Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ҷо доштани шиканҷа дар зиндонҳорову боздоштгоҳҳоро эътироф накардаанд. Давлат Назрӣ мегӯяд, ин иқдомро Тоҷикистон ба хотири боз наздиктар шудан ба меъёрҳои байнулмилалӣ ва ҳам риояи ҳуқуқи зиндониён гирифт: "Агар ҷинояткор ҳам бошад, ҳуқуқу масуният дорад. Онро қонун бояд ҳифз кунад. Ба зиндон афтодани ҷинояткор ба ин маъно нест, ки ӯ дигар ҳуқуқ надорад."

Абдуқаюм Юсуфӣ, ҳуқуқдони тоҷик
Коршиносон мегӯянд, роҳ ёфтани Кумитаи Салиби Сурхи байнулмилал ба зиндонҳои Тоҷикистон агарчӣ аз як сӯ заминаҳои риояи ҳуқуқи онҳоро фароҳам мекунад, аз сӯи дигар, ба вазъи моддии онҳо низ беҳбуд мебахшад.

Абдуқаюм Юсуфӣ, коршинос дар умури ҳуқуқ мегӯяд, ба ҳамин минвол, Тоҷикистон ба меъёрҳои байнулмилал наздиктар мешавад, аз ҷумла аз рӯи шароити зиндонҳояш: "То имрӯз сухан дар ин боб зиёд буд, ки маҳбасҳои Тоҷикистон ба меъёрҳои байнулмилал ҷавобгӯ нестанд. Аз ҷумла нормаҳои санитарӣ ва масоҳати будубоши маҳбусон аз рӯъи меёр нестанд. Агар намояндагони Салиби Сурх ворид шаванд, ин вазъ ҳам ислоҳ мешавад."

Иҷозаи Салиби Сурх барои боздид аз маҳбасҳо дуввумин иқдоми Тоҷикистон тайи чанд моҳи ахир аст. Моҳи гузашта мақомоти ин кишвар эълом дошта буданд, ки як лоиҳаи қонун дар бораи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноиро рӯи даст доранд ва бар пояи он барои шиканҷа ва бадрафторӣ алайҳи инсон муҷозот пешбинӣ хоҳад шуд.

Навори хабарнигори "Озодӣ" аз вазъи зиндонҳоро бубинед:

Боздид аз ду зиндони Душанбе
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:03 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG