Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Талошҳои муқобила ба ГКЧП, аз нақли шоҳидони айнии он ҳаводиси дар суқути Шӯравӣ сарнавиштсоз.

Раисиҷумҳури вақти Тоҷикистон -- Қаҳҳор Маҳкамов танҳо раҳбари вақти Осиёи Марказист, ки ҳамагӣ як ҳафта баъд аз суқути ГКЧП ва ба далели ҳимоят аз ин талоши кудато таҳти фишори эътирозгарон
Филми мустанаде, ки телевизиони давлатии Узбакистон ба тозагӣ дар солгарди 20-уми ГКЧП намоиш дод, мегӯяд, ки гӯиё Каримов аз рӯзи аввал ба сурати оштинопазир ва қотеъона алайҳи ин кудато садо баланд кард...

тарки мақом кард.

Аммо оё ҳокимони дигари минтақа, ки ду тани онҳо бо вуҷуди гузашти 20 сол аз он ҳаводис ҳамчунон дар саманди қудрат муҳкам истодаанд, дар он 3 рӯзи пуртаҳлукаи августи соли 1991 чӣ мавқеъ доштанд?

Албатта, пас аз суқути он талоши кудато ва то имрӯз бисёри ҳокимони вақти Осиёи Марказӣ худро аз оғоз мухолифи сарсахти ГКЧП меноманд ва дар солгарди 20-уми он ҳаводис телевизиони давлатии Узбакистон ҳатто филми мустанадеро нашр кард, ки дар он раиси ин ҷумҳурӣ Ислом Каримов як мухолифи оштинопазири сарони ГКЧП тасвир мешавад.

Аскар Оқоев, раисиҷумҳури пешини Қирғизистон
Вале воқеъиятҳои санадшудаи таърихӣ ҳокист, ки аз миёни 5 раҳбарони 5 ҷумҳурии ҳанӯз "шӯравӣ ва сотсиалистӣ"-и Осиёи Марказӣ дар 20 соли пеш танҳо президенти вақти Қирғизистон Аскар Оқоев дар 19-уми августи соли 1991, яъне дар ҳамон рӯзи аввали дар Форос маҳбус кардани Михаил Горбачёв ва қудратро ба даст гирифтани гурӯҳи Геннадий Янаев мухолифати худро ба ГКЧП тавассути як паёми телевизионӣ баён доштааст.

Аскар Оқоев, ки соли 2006 дар натиҷаи "инқилоби лолаҳо" сарнагун шуд, баъдан дар сӯҳбате бо Радиои Озодӣ гуфт, аз ин мавзеъгирии худ дар августи соли 1991 ифтихор мекунад: "Ба назари ман, Қирғизистон бояд аз ин ифтихор кунад, чунки ҳеҷ кадоме аз раҳбарони кишварҳои ҳамсояи мо дар Осиёи Марказӣ алайҳи он табаддулот садо баланд накарда буд, онҳо танҳо мунтазир буданд, ки чӣ иттифоқе пеш хоҳад омад."

Субҳи 19-уми августи соли 1991 хабари ГКЧП раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримовро дар ҳавопаймо дар роҳи бозгашт аз сафари Ҳинд дарёфт. Бархе афроди наздик ба ӯ мегӯянд, ки Каримов дар оғоз аз ин талоши кудатои коммунистӣ пуштибонӣ мекард.

Ҷаҳонгир Маматов, вакили собиқи порлумони Узбакистон мегӯяд, ки
Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон
Ислом Каримов аз ҳамон ҳавопаймояш ҳатто ба раҳбарони ГКЧП ба Маскав барқияи шодбошӣ низ фиристода буд: "Ман бо Шаҳобиддин Зиёмов, ки он замон мушовири Каримов дар умури байналмилалӣ буд, сӯҳбат доштам. Ӯ гуфт, ки "мо аз ҳавопаймо барқия фиристодем."

Каримов баъдан барқия фиристоданашро шоеъот номид ва рад кард. Гузашта аз он, филми мустанаде, ки телевизиони давлатии Узбакистон ба тозагӣ дар солгарди 20-уми ГКЧП намоиш дод, мегӯяд, ки гӯиё Каримов аз рӯзи аввал ба сурати оштинопазир ва қотеъона алайҳи ин кудато садо баланд кард ва оҷилан аз Ҳинд баргашт ва иҷрои қарорҳои гурӯҳи Янаевро дар ҳудуди Узбакистон манъ кард.

Аммо раисиҷумҳури ҳамеша хеле эҳтиёткори Туркманистон, Сафармурод Ниёзов, дар тӯли тамоми 3 рӯзи ГКЧП дар мазҳари ом аслан изҳори назар накард. Аммо Нурмуҳаммад Ҳанамов, як узви
Сафармурод Ниёзов, раисиҷумҳури пешини Туркманистон (чап) ва Раҳмон Набиев
кобинаи ӯ дар соли 1991 мегӯяд, Ниёзов дар оғоз моил ба ҳимоят аз гурӯҳи Янаев буд: "Ман дар дафтари ӯ будам, ки телефон занг зад. Ниёзов гӯширо гирифт ва аз ҷо хест. Ӯ мегуфт: "Салом, рафиқ Янаев. Нигарони ҷумҳурии мо набошед. Ҳама чиз дар инҷо хуб аст. Мо аз шумо ҳимоят хоҳем кард." Баъди ин сӯҳбати хеле кӯтоҳ Ниёзов худро ба курсиаш андохт ва оҳ кашида гуфт: "Оҳ, чӣ вазъи мушкилест, ки кас намедонад, чӣ рафтор кунад."

Аммо аз миёни ҳокимони вақти Осиёи Марказӣ раҳбари Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар пешорӯи интихоби бахусус мушкиле қарор гирифта буд. Қарори маълум, ГКЧП ҳамагӣ як рӯз қабл аз имзои созишномаи нави байни ҷумҳуриҳои Шӯравӣ рух дод ва як ҳадафи асосиаш низ пешгирӣ аз имзои ин созишнома гуфта мешуд. Он ҳам дар ҳоле ки ба гуфтаи раисиҷумҳури вақти Украина -- Леонид
Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон
Кравчук, Михаил Горбачёв баъд аз имзои ин санад мехост курсии сарвазири Иттиҳоди Шӯравии ҷадидро маҳз ба Назарбоев супорад.

"Горбачёв батакрор мегуфт, ки мехоҳад Нурсултон Назарбоевро дар мақоми сарвазири Иттиҳоди Шӯравӣ бубинад. Ӯ инро ҳеҷ гоҳ пинҳон намекард. Ба назари ман, Назарбоев зимни интихоби шеваи вокуниш ба ГКЧП инро дар сар дошт",-афзуд Кравчук.

Назарбоев рӯзи 19-уми августи соли 1991 ба даҳон об гирифт ва хомӯширо авло донист. Рӯзи баъд, фақат баъди он ки шикасти кудатогарон дигар яқин шуд, Назарбоев дар телевизион зоҳир шуд ва гуфт, ки аз ГКЧП ҳимоят накардааст.

То паради эълони истиқлоли ҷумҳуриҳои дар гузашта "дӯсту бародар" чанд рӯзи дигар ва то суқути СССР ҳамагӣ 4 моҳи дигар боқӣ монда буд…

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG