Пайвандҳои дастрасӣ

Суқути баҳои саҳом дар бозорҳои бурси ҷаҳон


Аз бими эҳтимоли рукуди дигарбораи иқтисоди Аврупо ва Иттиҳодияи Аврупо имрӯз қимати саҳом дар бозорҳои Осиё ва Аврупо суқут кард. Бо шурӯъи муомилот дар субҳи имрӯз, саҳмияҳо дар бозорҳои Аврупо 3 дар сад аз арзиши худро аз даст доданд. Қимати нафт ҳам дар бозорҳои Осиё поин омад, зеро ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки кундии рушди иқтисод дар ҷаҳон тақозо ба нафтро кам хоҳад кард. Ба гуфтаи таҳлилгарон, нигаронӣ аз рушди кунди иқтисоди Амрико ва амиқрафти бӯҳрони евро сармоягузорон ба воҳима андохтааст.
XS
SM
MD
LG