Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ИМА: "Тоҷикистон дар баробари терроризм осебпазир аст"


Нахустин ҳамлаи маргталабона дар Тоҷикистон. Хуҷанд, моҳи сентябри соли 2010

Нахустин ҳамлаи маргталабона дар Тоҷикистон. Хуҷанд, моҳи сентябри соли 2010

Департаменти давлатии Амрико Тоҷикистонро дар баробари ҳамлаҳои даҳшатафканон осебпазир хондааст.

Фирори дастҷамъӣ аз зиндони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, нахустин бомбгузории маргталабона, ҳамлаи силоҳбадастон болои сарбозон дар водии Камароб ва бархӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи
Ба ақидаи муаллифони гузориш шаҳодати кофӣ дар
даст нест, ки гурӯҳи насронии "Шоҳидони Яҳво", гурӯҳи исломии "Ҷамоаи Таблиғ" ва "Салафия" дар хушунатҳои ифротӣ даст доштанд...

Тоҷикистону Афғонистон шаҳодати осебпазирии ин кишвар дар муқобили дастаҳои хуб таълимгирифтаи даҳшатафканони дохиливу хориҷӣ арзёбӣ мешавад.

Ин аст хулосаи гузориши солонаи Бахши мубориза бо терроризм дар Департаменти давлатӣ ё худ Вазорати корҳои хориҷии Амрико, ки рӯзи ҷумъа ба табъ расид.

Муаллифони гузориш менависанд, террористон, ҷинояткорон ва силоҳбадастони гурӯҳҳои мухталиф моҳирона аз манотиқи кӯҳии Тоҷикистон ва рақобатҳои дохилӣ истифода бурдаанд.

ФЕҲРАСТИ ТӮЛОНИИ ГУРӮҲҲОИ МАМНӮЪ

Дар идомаи гузориш омадааст, ки сиёсати зиддитеррористии Тоҷикистон ба ваҷҳи умум аз назорати мақоми дини Ислом дар ҷомеа ва тавсеаи имконоти ба истилоҳ “тактикӣ”-и ниҳодҳои интизомиву ҳифзи ҳуқуқу тартибот иборат будааст, ки дар иҷрои бахши дуюм кӯмаки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар чорчӯби барномаҳои муштарак назаррас будааст.

Мулло Абдулло пас аз кушта шуданаш аз сӯи нерӯҳои интизомии Тоҷикистон
Соли гузашта ҳукумати Тоҷикистон феҳристи гурӯҳҳои манъшудаи ифротгароро такмил намуд, вале ба ақидаи муаллифони гузориш шаҳодати кофӣ дар даст нест, ки гурӯҳи насронии "Шоҳидони Яҳво", гурӯҳи исломии "Ҷамоаи Таблиғ" ва "Салафия" дар хушунатҳои ифротӣ даст доштанд.

ҲАМЛА БОЛОИ САРБОЗОН ДАР КАМАРОБ

19-уми сентябри соли 2010-ум дар водии Камароб, ки дар давраи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон истеҳкоми мухолифин ба шумор мерафт, бар асари ҳамлаи ғофилгиронаи гурӯҳи силҳобадаст камаш 23 сарбози ҳукуматӣ кушта шуданд.

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон гуфт, ки ҳамларо фармондеҳони собиқи мухолифин - мулло Абдулло Раҳимов, Алӣ Бедакӣ Давлатов ва пайравони дохиливу хориҷии онҳо, ки аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон омада буданд, роҳандозӣ намудаанд.

НАХУСТИН БОМБГУЗОРИИ МАРГТАЛАБОНА

3-юми сентябри соли гузашта мошини саршор аз маводи тарканда дар даромадгоҳи бахши минтақавии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи шаҳри Хуҷанд мунфаҷир шуда, боиси фавти ду
афсари Вазорати умури дохилӣ шуд. Дар ин ҳодиса 26 афсари дигар, ки дар ҳавлии ин идора ба хотири маҷлис ҷамъ шуда буданд, ҷароҳат бардоштанд.

Бар пояи гузориши Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон масъулияти ин таркиши маргталабонаро фарди эҳтимолан ҳампаймон бо Ҳаракати Исломии Узбакистон бар ӯҳда дошт. Гурӯҳи номаълум бо номи "Ансоруллоҳи Тоҷикистон" масъулияти бомбгузории маргталабонаро бар дӯш гирифт.

Баъзе ҳолдонҳо ба муаллифони гузориши солонаи департаменти давлатии ИМА хабар додаанд, ки ҳамла ба бахши минтақавии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи шаҳри Хуҷанд (ё УБОП) эҳтимолан қасоси марги як ҷавон дар боздоштгоҳи ин ниҳод аст ва гӯиё ронандаи мошини саршор аз маводи тарканда бародари он ҷавони кушташуда будааст.

СӮИСТИФОДА АЗ "МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ"

Ҳамин манбаъ меафзояд, ки УБОП бо истифодаи бозпурсиҳои тавҳиномез ном баровардааст. Ҳамин тариқ, тӯли соли гузашта дар вилояти Суғд амалиёт бар зидди пайравони эҳтимолии Ҳаракати Исломии Узбакистон давом доштааст.

Акси ду тан аз 25 маҳбуси фирорӣ аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ дар маркази шаҳри Душанбе
Дар идомаи гузориши солонаи Вазорати корҳои хориҷии ИМА омадааст, ки ҳукумати Тоҷикистон бо истифода аз мубориза бо терроризм на танҳо террористон, балки мухолифини сиёсиро низ мавриди таъқиб қарор дод. Бар илова низомии адлияи Тоҷикистон бо сирояти фасоди саросарӣ мувоҷеҳ буд.

"ФИРОРИ НОТАКРОР"

23-юми августи соли 2010-ум 25 маҳбуси зиндони Кумитаи давлатии амнтияти миллии Тоҷикистон фирори дастҷамъӣ ташкил карданд. То кунун тақрибан ҳамаи онҳо боздошт ва ё ба қатл расидаанд, ки дар ин амалиёт, яъне боздошти фирориён, нерӯҳои амниятии Афғонистн низ саҳм доранд.

Муаллифони гузориш таъкид мекунанд, ки соли гузашта бо кӯмаки ҷомеаи ҷаҳонӣ назорати марзи ноороми Тоҷикистону Афғонистон низ беҳбуд ёфт.

МУБОРИЗА БО САРМОЯГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ

Дар Тоҷикистон сармоягузории терроризм ва шусутушӯи пул манъ мебошад, вале ҳанӯз ҳам бар ин ҷумҳурӣ баъзе қонунҳои ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ нестанд.

Ҳамчунон муаллифони гузориш хотирнишон кардаанд, ки моҳи сентябри соли гузашта Тоҷикистон дар чорчӯби мубориза бо терроризм дар тамринҳои муштараки кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шангҳай ширкат варзид.

АФЗОИШИ ФИШОР БОЛОИ ПАЙРАВОНИ ИСЛОМ

Дар поёни гузориши солонаи Департаменти давлатии ИМА мехонем:
Аксари иқдомҳои зидди ифротиву зидди экстремистии ҳукумати Тоҷикистон боиси маҳдуд шудани тоату ибодат дар ин кишвар шудааст. Аз ҷумла ташаббуси манъи ҳиҷоб дар мактабҳо ва тасвиби қонуни нави дин, ки намозгузори наврасон дар масҷидҳоро манъ мекунад.

Ба ақидаи муаллифони гузориш, натиҷаи ниҳоии ин иқдомҳои ҳукумат на маҳдуд кардани ифроту хушунати экстремистон, балки афзоиши фишори умумӣ рӯи пайравони дини Ислом будааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG