Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ФИФА хабари "нохуб" барои Сурияро таъйид кард


Федератсиюни Байналмилалии Футбол имрӯз таъйид кард, ки натиҷаи бозиҳои тими миллии Сурия бо тими миллии Тоҷикистонро беэътибор дониста ва он кишварро аз ҳаққи ширкат дар бозиҳои интихобии мусобиқоти ҷаҳонии футбол маҳрум кардааст. Дафтари матбуоти ФИФА дар имейле ба Радиои Озодӣ гуфт, дар воқеъ таҳқиқи рафтори тими Сурия идома дорад ва аз ин бештар шарҳе дода нахоҳад шуд. Сурия бо шикасти тими миллии Тоҷикистон бо ҳисобҳои 2 бар 1 ва 4 бар сифр ба марҳилаи дигари мусобиқоти ҷаҳонии футбол дар соли 2014 роҳ ёфт. Сабаби ин қарор бар хилофи муқаррароти ФИФА дар тими миллии Сурия бозӣ кардани Ҷорҷ Мурод, узви собиқи дастаи мунтахаби миллии Шветсия будааст. Бар асоси қарори ФИФА мунтахаби Тоҷикистон дар марҳалаи севуми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 дар гурӯҳи “С” Сурияро иваз карда, бо тимҳои Ҷопон, Куриёи Шимолӣ ва Узбакистон рақобат хоҳад кард. Сурия ин тасмимро “ноодилона ва сиёсӣ” хондааст.
XS
SM
MD
LG