Пайвандҳои дастрасӣ

Теъдоди муҳоҷирони қирғиз дар Русия афзудааст


Давлати Қирғизистон эълом кард, ки дар соли 2010 теъдоди муҳоҷирони кории он кишвар дар Русия бештар аз 800 ҳазор нафар шудааст, 15 дар сади аҳолии панҷуним миллионнафарии Қирғизистонро ташкил медиҳад. Аз ин миён бештар аз 250 ҳазор нафар шаҳрвандии Русияро пазируфтаанд. Ба гуфтаи вазорати кор ва муҳоҷирати Қирғизистон соли гузашта муҳоҷирони корӣ ба ин кишвар бештар аз 1 миллиарду 600 миллион доллар фиристодаанд ва ғолибан ин рақам имсол болотар хоҳад рафт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG