Пайвандҳои дастрасӣ

Солгарди рӯйдоде, ки Иттиҳоди Шӯравиро нобуд кард


Имрӯз 20-умин солгарди ГКЧП, ё талоши ноком барои табаддулоти давлатӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ аст, ки фурӯпошии ин абарқудрати беморро суръат бахшид. Аъзои тундрави Ҳизби Коммунист рӯзи 19-уми августи соли 1991 хостанд, ҳукуматро аз роҳи зӯрӣ аз дасти Михайил Горбачёв, раиси ҷумҳури Иттиҳоди Шӯравӣ бигиранд, ки ӯ бо раҳандозии бозсозӣ талош дошт, низоми якҳизбии шӯравиро аз вартаи суқут наҷот диҳад. Аммо мухолифатҳои мардумӣ, аз ҷумла ба раҳбарии Борис Елтсин, монеъи таббадулот шуд ва баъди ду рӯз Горбачёв ба қудрат бозгашт. ГКЧП дар баданаи Иттиҳоди Шӯравӣ зарбаи ҷонкоҳе зад, ки он дар ниҳоят моҳи декабри соли 1991 аз ҳам пошид.
XS
SM
MD
LG